Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Ворух-Исфара дубора баста шудааст


Хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ аз Бодканд иттилоъ медиҳад, ки роҳи мошинрави миёни Исфара-Ворух дар нимаи дуввуми рӯзи шанбе дубора баста шудааст. Таҷаммуи аҳолии деҳоти марзии Оқсой барои бастани ин роҳ мушоҳида мешавад.

Як рӯз пеш Арстан Усанов-раиси пулиси ноҳияи Бодканди Қирғизистон ба матбуот гуфта буд, ки роҳи автомобилрави миёни Ворух-Исфара барои рафту омади нақлиёт боз шудааст.

Ба гуфтаи вай, шабона баъд аз музокироти тулонӣ дар Оқсой роҳро боз кардаанд ва кормандони пулиси Қирғизистон назоратро дар ин деҳаи марзӣ идома медиҳанд, то миёни аҳолии марзии Тоҷикистону Қирғизистон ихтилоф рух надиҳад.

Рӯзи панҷшанбе 40 нафар сокинони деҳаи Оқсой роҳи байни Ворух-Исфараро баста буданд. Ҷониби Тоҷикистон трактори роҳсозро иҷозаи гузаштан надод ва сокинони ҷониби Қирғизистон роҳро бастанд.

Баъд аз гузаштани трактор ҳоло роҳ боз шудааст. Вале посгоҳҳои марзиву гумрукии миёни ду кишвар дар марз ҳамчунон баста аст.
XS
SM
MD
LG