Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 нафар дар Харков кушта шудаанд


Арсен Аваков-вазири корҳои дохилаи Украина таъйид кард, ки шоми рӯзи ҷумъа дар тирандозиҳои шаҳри Харков 2 нафар кушта, чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. Аваков рӯзи шанбе дар сафҳаи Facebook-и худ навиштааст, ки “аз ҳар ду ҷониб” тақрибан 40 нафар боздошт шудаанд.

Дар бораи ҳуввияти кушташудагон маълумот дода нашудааст. Авваков илова кардааст, ки як корманди пулис ҷароҳати вазнин бардоштааст ва силоҳҳоро тасарруф кардаанд. Бозрасӣ ба ин ҳодиса идома дорад.

Ин ҳодиса баъд аз як рӯзи даргириҳо дар шаҳри Донетски Украина рух дод. Дар ин даргирӣ як ҷонибдори эътирозгарони украинӣ кушта чанд нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG