Интизор меравад, ки рӯзи шанбе Шӯрои Амнияти СММ барои ҳифзи тамомияти арзии Украина қатъномае ба тасвиб расонад. Тарҳи ин қатъномаро барои баррасӣ Амрико ба Шӯрои Амният пешниҳод кардааст ва дар он ҳамчунин гуфта мешавад, ки новобаста ба натиҷаҳои райпурсиии рӯзи якшанбе, ки пайвастани Қрим ба Русияро пешбинӣ мекунад, ин райпурсӣ “эътибор нахоҳад дошт”.
Ҷонибдорони тарҳи қатъномаи Шӯрои Амният хуб медонанд, ки Русия ба ин тарҳ вето хоҳад гузошт. Аммо Саманта Повер-намояндаи Амрико дар СММ гуфт, ин кор ба хотири он анҷом мегирад, ки Русия дар инзиво қарор доштани худро бубинад, зеро “роҳи ғайри сулҳомези” ҳали масъаларо пеш гирифтааст.
Ҷонибдорони ин тарҳ медонанд, ки аз 15 узви Шӯрои Амният 13-тои он ба ҷонибдорӣ рай медиҳанд, вале умед доранд, ки Чин-ҳампаймони наздики Русия аз райдиҳӣ худдорӣ мекунад.
Аз сӯи дигар, мулоқоти шашсоатаи Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров-вазирони корҳои хориҷаи Амрико ва Русия дар Лондон дар бораи ба таъвиқ андохтани райпурсии Қрим натиҷа надодааст.