Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ ва Лавров раъйпурсии Қримро баррасӣ мекунанд


Вазирони умури хориҷии ИМА ва Русия рӯзи ҷумъа, 14 март, дар як музокироти фаврӣ дар Лондон ба баррасии мавзӯъи бӯҳрон дар Украина ва раъйпурсӣ дар нимҷазираи Қрим пардохтанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, мулоқоти Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров охирин талоши ҷилавгирӣ аз бӯҳрони густурдаи сиёсӣ хоҳад буд.

Қарор аст, ки Ҷон Керрӣ ба ҳамтои руси худ аз паёмадҳои номатлуб, аз ҷумла, таҳримҳои ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо дар сурати дахолати низомии Русия ба умури Қрим ва баргузории раъйпурсӣ дар ин нимҷазира ҳушдор диҳад. Раъйпурсӣ оид ба пайвастани нимҷазираи Қрим ба Русия рӯзи якшанбе, 16 март, баргузор хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳо аз таҳия шудани рӯйхати мансабдорони русе хабар доданд, ки эҳтимолан вурудашон ба Иттиҳодияи Аврупо маҳдуд ва ҳисобҳои бонкияшон дар ин қаламрав мунҷамид мешавад. Ба ин рӯйхат аз 120 то 130 тан аз мансабдорони аршади Русия шомиланд, аз ҷумла, ба иттилои рӯзномаи олмонии Bild, қарор аст вазири дифоъ Сергей Шойгу, муовини нахуствазир Дмитрий Рогозин, раҳбари дафтари раисиҷумҳур Сергей Иванов, Дабири Шӯрои амнияти миллӣ Николай Патрушев ва чанд тан аз мушовирони раисиҷумҳур Владимир Путин мавриди таҳрим қарор бигиранд.

Интизор меравад, ин санадро намояндагони Брюссел дар арафаи нишасти вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи душанбе баргузор мешавад, баҳсу баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG