Бар асари ҳамлаи маргталабона дар шимолу ғарби Покистон дасти кам 7 афсари полис ба ҳалокат расиданд. Рӯзи ҷумъа, 14 март, дар деҳаи Сарбанд, воқеъ дар канори шаҳри Пешовар, як маргталаб худро дар канори мошини боркаши полис инфиҷор кард. Афсари аршади полис Наҷиб-Ур-Раҳмон гуфт, ки маргталаб пойи пиёда ба мошини полис наздик шудааст. Бар пояи хабарҳо, дар ин ҳодиса даҳҳо каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳамла дар деҳаи Сарбанд дар ҳоле рӯй дод, ки ҷунбиши Толибони Покистон қабл аз шурӯи музокироти сулҳ бо ҳукумати Исломобод барои як моҳ оташбас эълон кардааст.
Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст.