Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF ва Киев тарҳи ислоҳоти иқтисодии Украинаро таҳия мекунанд


Як ҳайати Сандуқи байнулмилалии пул ё IFM ба хотири музокирот бо ҳукумати Украина дар марвиди барномаи ислоҳоти иқтисодӣ вориди Киев шудааст. Раиси IFM Кристин Лагард рӯзи ҷумъа, 14 март, ба хабаргузориҳо гуфт, ки ин ҳайат айни ҳол ба арзёбии вазъи молиявии Украина машғул аст. Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, Сандуқи байнулмилалии пул ва мақомоти нави Украина барномаи ислоҳоти иқтисодиеро таҳия кунанд, ки ба идораи босамар ва рушди пайвастаи иқтисодиёт ҳамзамон бо дифоъ аз қишрҳои осебпазири ҷомеъа мусоидат кунад. Хонум Лагард афзуд, ки ҳайати IFM кори худро рӯзи 21 март анҷом хоҳад дод.

Мақомоти Украина мегӯянд, ки кишвар дар вартаи баршикастагӣ қарор дорад. Онҳо кумаки молиявии IFM барои таъмини рушди иқтисодии кишварро ногузир мехонанд.

Аз ин пеш вазири умури хориҷии Канада Ҷон Бэрд изҳор намуд, ки кишвараш ба Украина ба маблағи 200 миллион доллар кӯмаки молиявӣ ироа мекунад.
XS
SM
MD
LG