Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Русия 400 омӯзгори забони русӣ хост


Мақомоти Тоҷикистон аз Русия хостааст, ки 400 нафар омӯзгорони забони забони русиро ба Тоҷикистон бифиристанд. Ин дархост дар ҷараёни боздиди Валинтина Матвиенко-раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз Душанбе матраҳ шудааст. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия гузориш додаанд.

Матвиенко дар посух гуфтааст, ки бояд шароити зисти ин омӯзгорон дар Тоҷикистон, дастмузди онҳо ва масъалаҳои дигар баррасӣ шаванд. Бино ба ин хабар, раиси Шӯрои Федератсияи Русия 2,5 тон бо худ ба Тоҷикистон китобҳои таълими забони русӣ овардааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси Миллӣ гуфтааст, ки ҳоло дар ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон забони русӣ омӯзонда мешавад ва таҳсил дар 166 мактаб танҳо ба забони русӣ анҷом мегирад.

Ҳоло шумораи рустаборон дар Тоҷикистон 35 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG