Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ҳимояти ҷиддии худро аз Украина баён дошт


Барак Обама ва Арсений Ятсенюк
Барак Обама ва Арсений Ятсенюк
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар мухолифатҳои миёни Русияву Украина ҳимояти ҷиддии худро аз Киев баён дошт. Обама бо Арсений Ятсенюк-нахуствазири нави Украина рӯзи чаҳоршанбе дар Кохи Сафеди Амрико мулоқот кард. Ҷонибҳо мухолифати худро ба баргузории райпурсии рӯзи якшанбеи Қрим изҳор доштанд. Ҳадафи ин райпурсӣ ҷудо кардани Қрим аз Украина ва пайвастан ба Русия мебошад.

Обама гуфт, ки агар Маскав ба тамомияти арзии Украина эҳтиром нагузорад, барои он “арзиши номаълум” пардохт хоҳад кард. Ба бовари Обама, маҳофили байналмиллалӣ ба таври ҷиддӣ аз ҳукумати кунунии Украина ҷонибдорӣ мекунанд.

Ятсенюк изҳор дошт, ки Киев барои музокира бо Маскав омода аст, вале дар мубориза барои ҳифзи тамомияти арзии Украина “ҳеҷ гоҳ таслим нахоҳад шуд”. Рӯзи чаҳоршанбе раҳбарони 7 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон ё Ҷӣ-7 гуфтанд, ки агар Русия аз талошҳояш барои ҷудо кардани Қрим даст накашад, ба хатари тасмимҳои ҷавобии байналмиллаӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG