Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Кашфи қариб 100 кило маводи нашъадор аз як ҷавони 24-сола

Кормандони пулиси ноҳияи Варзоб, воқеъ дар шимоли пойтахт, рӯзи 11 март як ҷавони 24-соларо бо 97 кило маводи мухаддир дастгир кардаанд.

Тавре рӯзи 13-уми март аз вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ин миқдор маводи нашъадор рӯзи 11-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони пулиси ноҳияи Варзоб, дар километри 42-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар назди деҳаи Ҳушёрӣ аз автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда Умедҷони Изатулло, сокини деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ёфт шудаст.

Ба гуфтаи ин манбаъ "ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз дохили боғоҷ 4 борхалта дарёфт карда шудаст, ки дар дохилашон 70 адад бастаҳои селофанӣ мавҷуд буд. Мувофиқи маълумотномаи экспертизаи кимиёвии раёсати ташхисӣ - криминалистии ВКД инҳо маводҳои нашъадори навъи “ҳашиш” буда, вазни умумиашон 97 килою 200 грамро ташкил додааст."

Мақомот мегӯянд, дар вақти пурсиши кормандони пулис муайян шудааст, ки маводҳои мухаддир ба Абдураҳмон Муродови 25-сола, сокини шаҳри Душанбе тааллуқ доштааст. Ҳамакнун дар пайи ин ҳодиса Абдураҳмон Муродов ва Умедҷони Изатулло боздошт ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Мақомот хабари боздошти занони тоҷик дар Қирғизистонро таҳқиқ мекунанд

Марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Масъулони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, дар пайи маълум кардани ҳодисаи боздошти занони тоҷик аз тарафи ихтиёриёни ноҳияи Лайлаки Қиризистон ҳастанд. Матлуба Ҷурабоева, як масъули ҷамоати Хистеварз ба Радиои Озодӣ гуфт, аз боздошт шудани занони ин ҷамоат хабар доранд, вале ҳоло бояд маълум шавад, ки чӣ гуна онҳо аз сарҳад убур кардаанд. “Чунки баъди муноқишаи мусаллаҳонаи 28 ва 29- уми апрел убури шаҳрвандон, ба хусус занонро ба тарафи заминҳои ҳамсоя манъ карда буданд”,--гуфт ӯ.

Ӯ гуфт, воқеан барои таъмини зиндагӣ занон ҳар сол дар киштҳои ноҳияи Лайлак кор мекарданд.

Расонаҳои Қирғизистон, аз ҷумла “24 kg” бо пахши навори видеоие гурӯҳи занонеро нишон доданд, ки аз тарафи ихтиёриёни қирғиз дар вақти убур ба тарафи деҳаи “Ақ-Ариқ”-и ноҳияи Лайлак боздошт шудаанд.

Ба нақли ихтиёриёни қирғиз онҳоро як сокини Лайлак дар мошини “Портер” овард, ки дар вақти кор дар саҳрои Кулунду дастгир шудаанд ва гуё ба қавли онҳо марзро ғайриқонунӣ убур кардаанд.

Даргириҳои марзии рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ду ҷониб даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Ин муноқиша муносибати ду кишварро сард кард.

Ёрмаҳмад Аралев, ҳунарманди синаморо дар Душанбе ба хок супурданд

Ёрмаҳмад Аралев, ҳунарманд ва коргардони маъруфи синамо

Ёрмаҳмад Аралев, ҳунарманд ва коргардони маъруфи синамо, шоми 23-юми июн дар синни 67-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Наздиконаш ба хабаргузории “Азяи Плюс” гуфтаанд, ки ӯ солҳои ахир аз бемории диабети қанд ранҷ мекашид.

Маросими видоъ ва ҷанозаи ин коргардони маъруф дар назди хонааш, бинои баландошёни "Ватан" ва намози ҷаноза дар масҷиди Сари Осиё баргузор шудааст.

Ёрмаҳмад Аралев риштаҳои ҳунармандӣ ва коргардонии Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематографии Маскавро дар замони шӯравӣ хатм карда буд. Солҳои 1975-1979 ба сифати ҳунарманди Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ кор кардааст. Аз соли 1984 то соли 1992 коргардони филмҳои мустанад ва бадеӣ, иҷрокунандаи нақшҳо дар филмҳои гуногун буд. Солҳои 1991-1992 як муддат котиби Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ҳам буд.

Аз соли 2005 ба ин сӯ роҳбари бадеии киностудияи "МК" буд. Аз соли 1968 узви Иттиҳодияи синамогарони Шӯравӣ. Дар соли 2005 мукофоти давлатии ордем "Шараф"-ро соҳиб шудааст.

Пайвандони милисаи кушташуда дар Панҷ бори сеюм ба додгоҳ шикоят карданд

Меҳроншоҳ Ҷумъаев, корманди милисае, ки моҳи феврали имсол аз тири силоҳ дар бинои пулиси ноҳияи Панҷ ҷон бохт.

Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, корманди милисае, ки моҳи феврали имсол аз тири силоҳ дар бинои пулиси ноҳияи Панҷ ҷон бохт, ба марҳилаи назоратии Додгоҳи вилояти Хатлон шикоят бурдаанд. Онҳо талаб кардаанд, ки хукми додгоҳи ноҳияи Панҷ ва таъиноти зинаи кассатсионии додгоҳи Хатлон бекор карда шавад.

Додгоҳи вилояти Хатлон 9-уми июн шикояти наздикони афсари кушташудаи милисаро дар ноҳияи Панҷ рад карда, ҳукми додгоҳи зинаи аввалро бетағйир гузошт. Додгоҳи Панҷ Насим Амирзода, муттаҳами аслӣ дар парвандаро барои "куштор аз беэҳтиёт" гунаҳкор дониста, ӯро ба 3 сол ҳабси сукунатӣ ва пардохти 100 ҳазор сомонӣ ба пайвандони афсари кушташуда маҳкум кард.

Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев ҳукми додгоҳи зинаи аввалро "ноодилона" хонда, бозбинии онро талаб доранд.

Холиқназар Ҷумъаев, амаки Меҳроншоҳ, рӯзи 24 уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз қарори додгоҳ розӣ нестанд ва он бояд аз сар баррасӣ шавад. “Мо пештар гуфта будем, ки аз қарори додгоҳ розӣ нестем ва ба зинаи сеюми додгоҳ шикоят мебарем. Новобаста ба он ки баҳси судӣ идома дорад ва ҳукми Суди ноҳияи Панҷ эътибори қонунӣ пайдо накардааст, Амирзода Насимро ба хонааш ҷавоб додаанд.”--, мегуяд Ҷумъаев.

Додгоҳи вилояти Хатлон шикояти онҳоро аввалин ин моҳ рад карда буд. Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25-сола рӯзи 7-уми феврали имсол ва ҳангоми супурдани силоҳ дар бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ бо зарби тир ҷон бохт.

Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Панҷ рӯзи 11-уми май содир шуд. Ин афсар бар асоси моддаи “куштор аз беэҳтиётӣ” айбдор шудааст, вале пайвандони Меҳроншоҳ инро қабул надоранд ва ҷазо нисбат ба ӯро “хеле сабук” медонанд.

Русия қоидаҳои сабти номи муҳоҷиронро сахттар мекунад

Муҳоҷирон аз Осиёи Миёна дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

Думаи давлатӣ қонунеро ба тасвиб расонд, ки қоидаҳои сабти номи муҳоҷиронро сахттар мекунад. Ин қонун сабти изи ангушти муҳоҷиронеро, ки ба Русия меоянд, гирифтани акс ва аз ташхиси тиббии бемориҳои сирояти гузаронидани онҳоро ҳатмӣ намуд. Навгонии мазкур ба хориҷиёне, ки ба қаламрави Русия бидуни виза ва ба муддтаи тӯлонӣ, яъне барои беш аз 90 рӯз меоянд, дахл хоҳад дошт. Тамоми ин расмиётро муҳоҷирон дар муддати 30 рӯз аз замони вуруд ба кишвар ё ҳангоми муроҷиат барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент бояд ба анҷом расонанд Агар муҳоҷир барои гузаштан аз назорати биометрӣ ва тиббӣ саркашӣ кунад, мӯҳлати будубошаш дар Русия кам мешавад. Дар сурати ошкор шудани бемориҳои хатарноки сироятӣ ва ё мӯътодии шаҳрванди хориҷӣ, ба ӯ иҷозати дар Русия мондан дода намешавад.

Президенти Қирғизистон ҳафтаи оянда ба Душанбе меояд

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон охири моҳи июн ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Қарор аст, Ҷабборов бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дидору гуфтугӯ намояд.

Ин Вазорат рӯзи 24-уми июн хабар дод, ки рӯзҳои 28-ум ва 29-уми июн сафари расмии президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон дар назар аст. Сафари президенти кишвари ҳамсоя дар рӯзҳое дар нақша аст, ки аз муноқиша дар марзи ду кишвар, дар рӯзҳои 28-29-уми апрел, се моҳ мегузарад.

Дафтари матбуоти вазорат аз хабарнигорони дохиливу хориҷӣ даъват кардааст, ки барои номнависӣ ба хотири пӯшиши хабарии сафари Ҷабборов ба вазорат муроҷиат кунанд.

Вазорат тафсилоти аз ин бештарро нашр накардааст. Ин сафари нахустини Содир Ҷабборов ба ҳайси президент ба Тоҷикистон мебошад ва баъди он сурат мегирад, ки охири моҳи апрел марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоҳиди муноқишаи муссалаҳона ва хунин шуд.

Даргириҳои марзии рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ду ҷониб даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Тоҷикистон дар бораи кушта шудани 19 нафар ва захмӣ шудани 87 кас хабар дод. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, дар ҷараёни даргириҳои марзӣ 36 нафар кушта ва 183 нафар маҷруҳ шудаанд. Ҳар ду ҷониб якдигарро ба оғози даргирӣ муттаҳам карданд. Пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар марз рӯзи 24-уми май, ҳукумати Қирғизистон бо як қарор вуруд, баромадан, транзит ва будубош дар қаламрави худро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, то замони ҳалли масъалаҳои марзӣ, боздошт. Содир Ҷабборов, тирамоҳи соли гузашта дар авҷи эътирозҳои мардумӣ бар зидди тақаллубҳо дар интихоботи парламентӣ сари қудрат омода буд. Ӯ мубориза бо фасод ва ҳалли мушкилоти марзӣ бо ҷумҳуриҳои ҳамсояро яке аз вазифаҳои зери раҳбарияш эълон намудааст.

Дарозии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр аст, ки аз он то имрӯз танҳо 504 километр таъину нишонагузорӣ шудааст. Аксар вақт ихтилофҳо дар қитъаҳои баҳсии марзӣ, барои дастрасӣ ба замин, об, равуои чорво, убури ғайриқонунии марз байни сокинони ду ҷониб муноқиша сар мезанад.

Бузургтарин нашрияи мухолифи Ҳонгконг фаъолияташро қатъ кард

Нусхаҳое аз Apple Daily дар рӯзномафурӯшиҳои Ҳонгконг

Бузургтарин нашрияи мухолифи Ҳонгконг "Пинго жибао" (Apple Daily) эълом кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Дар ин бора Би-би-сӣ рӯзи чоршанбе хабар дод. Тасмими қатъи фаъолияти нашрия дар пайи фишорҳо аз сӯи мақомоти Ҳонгконг гирифта шудааст. Коргоҳи "Пинго жибао" ҳафтаи гузашта бо гумони нақзи қонуни баҳсбарангези амнияти миллӣ кофтукоб шуда буд.

Пулиси Ҳонгконг сармуҳаррир ва панҷ мудири нашрияро боздошт карда, дороиҳои он ҳабс шуданд. "Пинго жибао" яке аз ашадитарин интиқодгарони ҳукумати Чин ва намояндагони он дар Ҳонгконг буд.

Вазири умури хориҷии Бритониё Доминик Рааб басташавии нашрияро "зарбаи харобиовар ба озодии баён дар Ҳонгконг" номид. Пештар муассиси "Пинго жибао", миллиардери 73-сола Ҷиммӣ Лай бо айбҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гашт.

Пеш аз сафари Мирзиёев ба занҳо дастур доданд, нақши "дӯзанда"-ро бозанд

Боздиди Мирзиёев аз як фабрикаи дӯзандагӣ дар Андиҷон

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар сафараш ба вилояти Андиҷони он кишвар аз фаъолияти корхонаи дузандагии "And gold" дидан кард.

Як сокини вилояти Андиҷон дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзи сафари Мирзиёев занҳои маҳаллаҳои наздикро даъват ва дастур доданд, ки дар ҳузури президент нақши дузандаҳоро бозанд.

Дар наворе, ки маркази матбуотии президенти Узбекистон нашр кард, занҳое сабт шудаанд, ки либоси якранга доранд ва худро дузанда муаррифӣ мекунанд. Ба иттилои расмӣ, корхонаи нави дузандагӣ дар Андиҷон бо 2,5 миллион доллари ИМА сохта шудааст.

Расонаҳои Узбекистон навиштанд, ки дар ин корхона то 830 зан фаъолият мекунад. Аммо сокинони огоҳи Андиҷон гуфтанд, таъсиси корхона ва бо кор таъмин кардани занҳо "фиреби назар буд".

Мирзиёев рӯзҳои 17-18 июн ба вилояти Андиҷон рафта буд.

Олимпиадаи Токио бо шумораи ками ҳаводорони варзиш баргузор мешавад

Раҳпаймоии норозиён, ки бекор кардани Олимпиадаро талаб доранд.

Олимпиадаи тобистона имсол дар шаҳри Токио моҳҳои июл ва август бо ҳузури тамошобинон баргузор мешавад, вале шумори онҳо маҳдуд хоҳад буд.

Ин қарор дар поёни гуфтугӯи созмондиҳандагони мусобиқа бо иштироки намояндагони Ҷопон ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ қабул шудааст.

Тибқи қарор, ба хотири беш аз 50 дарсад пур нашудани толорҳо ба ҳар як мусобиқа на зиёда аз 10 ҳазор табошобин роҳ меёбад. Аз тамошобинон риояи тамоми қоидаҳо, аз ҷумла фосилаи иҷтимоӣ талаб мешавад. Ҳамчунин супоридани санҷиш барои вирус ҳатмӣ аст.

Ба тамошои бозиҳо танҳо онҳое роҳ меёбанд, ки муқими Ҷопон ҳастанд. Вуруди мухлисони хориҷӣ ба он кишвар манъ аст.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки бояд дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи соли 2020 баргузор мешуданд, ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир гузошта шуда, қарор аст, аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 баргузор гарданд.

Фурудгоҳи "Манас" ба қабули шабонарӯзии ташхисҳои коронавирус шуруъ кард

Фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек.

Озмоишгоҳи фурудгоҳи "Манас"-и Қирғизистон ба таври шабонарӯзӣ ба ташхиси фаврии COVID-19 шуруъ кард. Фаъолияти шабонарӯзии ин озмоишгоҳ аз 22 июн шуруъ шуд.

"Фурудгоҳи "Манас" аз мусофирон хоҳиш мекунад, ки 5-6 соат пеш аз парвоз дар фурудгоҳ ҳозир шаванд ва аз ташхис гузаранд", - омадааст дар хабари маркази матбуотӣ.

Арзиши як ташхис наздики 40 долларро ташкил медиҳад.

Узбекистон пӯшидани ниқоб дар нақлиёти ҷамъиятиро ҳатмӣ кард

Ронандагони нақлиётҳои ҷамъиятӣ дар Узбекистон аз ин ба баъд мусофиронро бидуни ниқоби тиббӣ ба дохил роҳ нахоҳанд дод. Дар ин бора қарореро Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус дар Узбекистон содир кардааст.

Тибқи қарор, бо сокинони Узбекистон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуда, дар охири масирҳо нақлиётҳо безарар гардонида мешаванд. Ҳамчунин шахсони масъул вазифадор шудаанд, ки назорати қоидаҳои беҳдоштиро дар истгоҳу фурудгоҳҳо сахттар кунанд.

Дар Узбекистон давоми рӯзҳои ахир шумори ҳолатҳои нави мубталошавӣ ба коронавирус ду баробар, аз 200 то ба 400 ҳолат бештар шудааст.

Пештар хабар дода шуд, комиссия гуруҳи сокинонеро, ки бояд дар Узбекистон эм шаванд, афзоиш додааст. Ҳамакнун шахсони аз 50-сола боло ва омӯзгорони донишгоҳҳо ройгон эм хоҳанд шуд.

Президентҳо Раҳмон, Мирзиёев ва Тоқаев амнияти Афғонистонро баррасӣ карданд

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Узбекистон ва Қосимҷомарт Тоқаев президенти Қазоқистон вазъи амнияти марзи кишвар бо Афғорнистонро баррасӣ кард. Дафтари матбуоти раисҷумҳур рӯзи 23-уми июн гуфт, ки суҳбати президентҳо телефонӣ сурат гирифт.

Ин суҳбат дар ҳоле доир шуд, ки рӯзе қабл нерӯҳои Толибон чанд минтақаро дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ишғол карда, аз ҷумла гузаргоҳи Шерхон Бандар ва Кокулро зери даст гирифтанд. Дар натиҷа 134 нафар низомиёни Афғонистон ба ҳамлаҳои Толибон тоб наоварда маҷбур ба ақибнишинӣ ба Тоҷикистон шуданд.

Дар гуфтугӯи алоҳидаи президентони се кишвар амнияти марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон ва Узбекистону Афғонистон ташвишовар хонда шуд.

Дафтари матбуоти президент Раҳмон гуфт, “сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон сари ин ақида омаданд, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати дастгирии пешбурди раванди сулҳи байниафғонӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот ва амният дар Афғонистон идома диҳанд.”

Дар мулоқоти телефонии Раҳмон ва Тоқаев ҳам аз вазъи ногувори амният дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон иброҳи нигаронӣ карданд ва ба ин натиҷа расиданд, ки ниҳодҳои қудратии ду кишвар барои таъмини амнияти минтақа ҳамкории зичро ба роҳ монанд.

Дар гуфтугӯи раисҷумҳурон масоили дигари ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон ва Қазоқистон баррасӣ шудааст.

Дарёи Чу дар Қирғизистон 800 га заминро шуштааст

Ба далели мустаҳкам накардани соҳилҳои дарёи Чу дар Қирғизистон 800 га замин шушта шудааст. Дар ин бора Бообек Ажикеев, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ба далели набуди сарбанд дар соҳили дарёи Чу, ки марзи байни Қирғизистон бо Қазоқистонро муайян мекунад, дарё ҳамасола аз соҳил берун рафта, ба суи Қирғизистон ҳаракат мекунад.

Соли 2020 сокинони деҳаи Чим-Коргони ноҳияи Кемини Қирғизистон гуфтанд, маҷрои дарёи Чу иваз шуда ва ба ин тартиб, хати марзи давлатӣ ҳам тағйир ёфтааст. Сокинон гуфтанд, "1 км замини Қирғизистон ба Қазоқистон гузаштааст".

Қисме аз марзи Қирғизистон бо Қазоқистонро дарёи Чу муайян мекунад. Ду кишвар 1257 км марзи муштарак доранд.

Ширкати Coca-Cola дар ғасби тиҷорати сердаромад ба ҳукумати Узбекистон мусоидат кард

Loop video - Uzbek Coca Cola (RU)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:02 0:00

Ҳукумати Узбекистон талош дорад, саҳмашро дар ширкати нӯшобаҳои Coca-Cola тавассути музояда фурӯшад.

Дар сурати ба фурӯш рафтани саҳми ҳукумати Узбекистон ин бузургтарин музояда дар солҳои охир хоҳад буд.

Нисфи бозори Узбекистонро, ки 34-миллион аҳолӣ дорад, нӯшобаҳои Coca-Cola таъмин мекунанд. Фурӯши саҳмияҳои давлат ба Узбекистон на танҳо фоидаи молӣ, балки имиҷи мусбат меорад.

Акционеры CCBU и его доля рынка
Акционеры CCBU и его доля рынка

Аммо фурӯши саҳми давлат шубҳаҳоеро ба бор овардааст: баъди чанд ҳафтаи даъвати ҳукумат ба ширкат дар музояда Оҷонсии мубориза бо фасод хабар дод, ки дар музояда камбудиҳое ҷо дорад. Дар номгӯи ниҳоии ширкатдорони музояда ширкати марбут ба домоди президенти Узбекистон зикр шудааст.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки саҳмияи ширкати Coca-Cola дар Узбекистон ба Гулнора Каримоваи зиндонӣ, духтари президенти пешини он кишвар Ислом Каримов тааллуқ дорад.

Хадамоти мубориза бо коррупсияи Қирғизистон барҳам мехӯрад

Рамзи Хадамоти мубориза бо коррупсияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, Хадамоти мубориза бо коррупсияи Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар барҳам дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин бора фармоне дар ҳоли омодашавӣ аст.

Ҷабборов 23 июн дар вохӯрӣ бо соҳибкорон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистонро барои боз кардани парвандаҳои беасос зидди соҳибкорон танқид карда, хабар дод, ки Хадамоти мубориза бо фасоди ин кишвар ба далели шикоятҳои зиёд барҳам дода мешавад. Ба вай, ин кор ба хотири ҳимоят аз соҳибкорон анҷом мешавад.

Нашрияи давлатии "Эркин-Тоо"-и Қирғизистон баъди ҳодисаҳои моҳи октябри соли 2020 фармони президенти вақт Сооронбой Ҷеенбековро дар бораи барҳам додани Хадамоти мубориза бо коррупсияи Кумитаи давлатии амнияти он кишвар нашр кард. Вале ин фармон ба сомонаи президенти Қирғизистон "роҳ наёфт".

Хадамоти мубориза бо коррупсияи Қирғизистонро президенти вақти он кишвар Алмосбек Отамбоев соли 2011 таъсис дода буд.

Пойтахти Туркманистон гаронтарин шаҳр барои коргарони хориҷӣ унвон шуд

Як намо аз Ишқобод, пойтахти Туркманистон

Дар рейтинг ё баҳогузории ширкати Mercer-и амрикоӣ шаҳри Ишқободи Туркманистон гаронтарин шаҳр барои коргарони хориҷӣ унвон шудааст.

Ширкати Mercer бо ҳадафи муайян кардани он ки ҳукуматҳо ва созмонҳову ширкатҳо барои коргарони хориҷиашон чи қадар маош пардохт кунанд, дахлу харҷи шаҳрҳоро тартиб медиҳад.

Соли гузашта Ишқобод дар ин рӯйхат дар мақоми дувум қарор дошт. Ширкат мегӯяд, афзоиши харҷ дар Ишқобод ба буҳрони давомдоре вобаста аст, ки боиси камбуди ғизо ва беқурбшавии бесобиқаи асъор шудааст.

Ширкати Mercer 209 шаҳрро баҳо медиҳад. Ширкат кирояи манзил, роҳкирои нақлиёт, қимати маҳсулоти ғизоӣ, инчунин номгӯи бештар аз 200 маҳсулоти хизматрасонии дигарро тартиб медиҳад.

Ба панҷгонаи аввали шаҳрҳои пурхарҷ Ҳонконг, Бейрут, Токия ва Сюрих шомил шудаанд. Бейрут дар як соли охир аз мақоми 45 ба мақоми 3 баромадааст. Ширкати Mercer ин ҷаҳишро ба афзоиши буҳрони иқтисодӣ дар Лубнон рабт медиҳад.

Тошканд хостори 14 парвози доимӣ байни Узбекистон ва Русия шуд

Дар фурудгоҳи Тошканд

Узбекистон ба Русия пешниҳод кардааст, ки шумораи парвозҳои доимӣ байни ду кишвар то ба 14 адад дар як ҳафта расонида шавад. Ин масъала дар сӯҳбати сарвазирони ду кишвар Абдулло Орипов ва Михаил Мишустин дар Маскав баррасӣ шудааст. Мақомоти узбек ҳамчунин хостори барқарор шудани ҳаракати поездҳои мусофирбар шудаанд. Феълан миёни Узбекистону Русия ба мисли Тоҷикистон ҳафтае 4 маротиба парвозҳои мунтазам амалӣ мешаванд. Русия бошад, аз дирӯз, парвозҳояшро бо Туркия барқарор кард.Хабаргузории Риа-Новости менависад, қарор дар бораи азсаргирии парвозҳои доимӣ ва чартерӣ миёни ду кишвар пас аз сафари ҳайати Русия ба Туркия ва тибқи хулосаи мутахассисон қабул карда шуд. Равуои ҳавоӣ миёни ин ду давлат бинобар номусоид шудани вазъи эпидемилогӣ аз 15-уми апрели имсол маҳдуд гашта буд. Гуфта мешавад, барқароршавии парвозҳоро беш аз 1 миллион сайёҳони Русия ки пештар натавонистанд барои истироҳат ба Туркия сафар кунанд интизор буданд.

ИМА 33 сомонаи эрониро барои "дурӯғпароканӣ" манъ кард

Марди эронӣ посухи талоши вуруд ба сомонаи Ал Аъламро нишон медиҳад. Теҳрон, 23 июни соли 2021

Ҳукумати ИМА тахминан 30 сомонаи марбут бо давлати Эронро барои вайрон намудани низоми таҳрим баста, таъкид кардааст, ки онҳо дар паҳн намудани иттилои бардурӯғ саҳм дошта ё бо созмонe гуруҳҳое дар тамосанд, ки аз тарафи ИМА "террористӣ" эълон шудаанд. 22-уми июн Вазорати адлияи ИМА фаъолияти 33 сомонаи интернетии марбут бо Шабакаи садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гурӯҳи ниманизомии Катоиби Ҳизбуллоҳро, ки аз тарафи Эрон пуштибонӣ мешавад, манъ кард. Соли гузашта ИМА таъкид намуда буд, ки садо ва симои Эрон аз сӯйи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон назорат мешавад. Бастани ин сомонащо бо роҳи ғасби нишона ё URL-и онҳо амалӣ гаштааст.

Дар Алмато намуди "ҳиндустонӣ"-и COVID-19 ошкор шудааст

Алмато. Моҳи майи соли 2021. Акс аз бойгонӣ.

Сардухтури беҳдоштии шаҳри Алматои Қазоқистон Жандарбек Бекшин 23-юми июн хабар дод, ки дар он шаҳр навъи "ҳиндустонӣ"-и коронавирус ё COVID-19 ошкор шудааст.

"Сар аз ҳафтаи гузашта бо дастрас шудани тестҳо мо навъҳои гуногуни коронавирусро ошкор кардем. Дар миёни онҳо намудҳои "бритониёӣ" ва "африқоӣ" низ ҳаст. Шаби гузашта намуди нави "ҳиндустонӣ"-и коронавирус ошкор карда шуд", - изҳор дошт Бекшин.

Сардухтури беҳдоштии Алмато афзуд, ки "зани мубтало ба намуди нави вирус ба ҳеч куҷо сафар накардааст. Мо нақшаи равуои ӯро дар шаҳр омӯхтем ва ҳоло корҳои пешгирикунандаеро анҷом медиҳем. Ин зан намедонад, ки дар куҷо ба вирус олуда шудааст. Худаш мегӯяд, ба ду бозори масолеҳи сохтмонӣ ва фурушгоҳҳои наздики хонааш рафтааст".

Ба гуфтаи Бекшин, ҳафт нафаре, ки бо зан тамос доштанд, феълан ба карантин гирифта шудааст.

Пештар мақомоти шаҳри Нурсултони Қазоқистон аз ошкоршавии намуди "ҳиндустонӣ"-и коронавирус хабар дода буданд. Ҳукумати Қазоқистон баъди он хост, маҳдудиятҳо сахттар карда шаванд.

Дар давоми як шабонарӯзи гузашта дар саросари Қазоқистон 1248 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шудааст.

Қазоқистон ба Тоҷикистон 10 ҳазор тонна орд ҳадия кард

Акс аз бойгонӣ

Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона, 10 ҳазор тонна орд додааст.Шаҳодатномаи борро сафири Қазоқистон ба муовини раҳбари агентии захираҳои давлатии моддии Тоҷикистон супруд.Сафорати Қазоқистон мегӯяд, ёрӣ навбатӣ барои пур кардани захираҳои озуқаворӣ дар шароити вазъи бӯҳроние ки бар асари пандемияи коронавирус ба амал омадааст, расонида шуд. Зикр шудааст, ки тавофуқ барои интиқоли орд, моҳи гузашта зимни сафари Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ба Душанбе ҳосил шудааст. Ҳаҷми умумии кӯмак беш аз 3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар айни замон Қазоқистон тасмим дорад беш аз 700 ҳазор тонна сабзавотро ба кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон содир кунад. Мақомоти қазоқ мегӯянд,бастани созишномаҳои нав бо кишварҳои ҳамсоя нархи маҳсулот ба мисли сабзиро, ки ҳоло дар Тоҷикистон аз 8 то 12 сомонӣ нарх дорад,коҳиш медиҳад.

Дастури чораҳои ҳатмии беҳдоштӣ дар масҷидҳои Тоҷикистон

Чораҳои беҳдоштӣ дар яке аз масҷидҳои Тоҷикистон, 1 феврали соли 2021

Кумитаи умури дини Тоҷикистон бо ирсоли барқияе ба ҳукуматҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва манотиқи тобеи ҷумҳурӣ тавсия додааст, ки назорати беҳдоштӣ ҳангоми баргузории ҷашну сур ва намозҳои дастаҷамъӣ пурзӯр карда шавад. Хабаргузории Спутник мегӯяд, ин барқияро дар ихтиёр дорад ва дар он гуфта шудааст, то замоне ки қойидаҳои бехатарии эпидемиологӣ ба таври қатъӣ риоя карда шаванд, фаъолияти масҷидҳо ва баргузории туйҳо манъ намегарданд. Дар Тоҷикистон 32 ҳолати нави сирояти СOVID-19 ошкор шудааст. Кумитаи дин бар асоси дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ машварат додааст, ки барои ҳифзи саломатии мардум, тӯйҳо ва маросими дафну азодорӣ бо шумораи маҳдуди ширкатдорон ва бо назардошти фосилаи ҷисмонӣ баргузор шаванд. Намозгузорон дар масҷидҳо бояд ниқоб бипӯшанд ва ибодатгоҳҳо пайваста безарар ё худ дезинфексия карда шаванд. Ба мақомоти дахлдор супориш шудааст, иҷрои ин талаботро назорат намоянд. Дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор масҷидро расман сабтином кардаанд. Масҷидҳо яке аз маконҳои асосии ҷамъ шудани одамон бахусус дар рӯзи ҷумъа аст. Намозгузории дастҷамъона дар онҳо бори охир аз 18-уми апрели соли 2020 то 1-уми феврали 2021 манъ шуда буд.

Ду мактабхонро дар Ишқобод дар заҳролудсозии омӯзгор гумонбар медонанд

Яке аз мактабҳои Ишқобод. Акс аз бойгонӣ.

Пулиси шаҳри Ишқободи Туркманистон эҳтимоли заҳролудсозии як омӯзгорро аз сӯи ду хатмкунандаи мактаб таҳқиқ мекунад.

Як манбаи огоҳ гуфт, ду хатмкунандаи мактаб дар он гумонбар мешаванд, ки моеъи зарфшуиро дар ғизои омӯзгор рехта ва ба ин тартиб ӯро заҳролуд кардаанд. Омӯзгор дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ин ҳодиса рӯзи 15-уми июн сурат гирифтааст. Манобеи огоҳ мегӯянд, хатмкунандагон бо заҳролудсозии омӯзгор гуё аз ӯ барои тамаъҷӯиҳояш қасд гирифтаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз нашуда, танҳо тафтишоти ибтидоӣ ҷараён дорад.

Мусофиркашонии "автобусҳои узбекӣ" дар пойтахти Қирғизистон

Мусофиркашщои ISUZU дар Бишкек.

Рӯзи 22--уми июн дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон 50 автобуси нави "ISUZU"-и истеҳсоли Узбекистон мусофиркашониро оғоз карданд. Қарор аст, ба пойтахти Қирғизистон дар умум 350 адад автобуси "ISUZU" ворид карда шавад.

Автобусҳо 6,9 метр дарозӣ, ду дар ва 16 ҷои нишаст доранд ва барои 38 кас пешбинӣ шудааст. 50 автобуси нав дар 5 масир мусофир мекашонанд.

Автобусҳоро ширкати "Эко Пассажирские перевозкӣ" харидорӣ карда, барои онҳо аз буҷаи шаҳрдорӣ пул ҷудо нашудааст.

Дар шаҳрдории Бишкек гуфтанд, ки нархи автобусҳоро намедонанд ва масъулони ширкат низ аз гуфтани он худдорӣ карданд.

Дар сомонаи ширкати "ISUZU"-и Узбекистон нархи як автобус 358 миллион сӯм - беш аз 33 ҳазор доллар гуфта шудааст.

Олимпиадаи Токио бо иштироки теъдоди маҳдуди табошобинон баргузор мешавад

Токио, Ҷопон.

Олимпиадаи тобистона имсол дар шаҳри Токио моҳҳои июл ва август бо ҳузури тамошобинон баргузор мешавад, вале шумори онҳо маҳдуд хоҳад буд.

Ин қарор дар поёни гуфтугӯи созмондиҳандагони мусобиқа бо иштироки намояндагони Ҷопон ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ қабул шудааст.

Тибқи қарор, ба хотири беш аз 50 дарсад пур нашудани толорҳо ба ҳар як мусобиқа на зиёда аз 10 ҳазор табошобин роҳ меёбад. Аз тамошобинон риояи тамоми қоидаҳо, аз ҷумла фосилаи иҷтимоӣ талаб мешавад. Ҳамчунин супоридани санҷиш барои вирус ҳатмӣ аст.

Ба тамошои бозиҳо танҳо онҳое роҳ меёбанд, ки муқими Ҷопон ҳастанд. Вуруди мухлисони хориҷӣ ба он кишвар манъ аст.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки бояд дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи соли 2020 баргузор мешуданд, ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир гузошта шуда, қарор аст, аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 баргузор гарданд.

Ронандагони автобусҳои мусофирбар дар Қазоқистон дубора корпартоӣ карданд

Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Ронандагони автобусҳои мусофирбари шаҳри Семейи вилояти Қазоқистони Шарқӣ 22 июн дубора ба кор набаромаданд.

Сухангӯи ширкати мусофиркашонии "Semey Bus" Айнура Сабитова гуфт, ронандагон дар эътироз ба қарори додгоҳ, ки хост, 170 автобуси бо пули қарз харидоришуда баргардонида шавад, корпартоӣ карданд.

"Мо бохтем. Ширкатро мебанданд ва бинобар ин, ронандагон корпартоӣ карданд", - изҳор дошт Айнура Сабитова.

Шаҳрдории Семей қазияро шарҳ намедиҳад.

Миёни "Semey Bus" ва "Бунёди рушди саноат" соли 2018 созишнома ба имзо расида буд. Бунёд соли 2020 хабар дод, ки "Semey Bus" 1,5 миллиард танга қарздор шудааст.

Ронандагони автобусҳои мусофирбари Семей 15 декабри соли гузашта низ дар эътироз ба таъхир дар пардохти маошашон ба кор набаромаданд. Онҳо гуфтанд, маоши моҳи ноябрро то ҳол дарёфт накардаанд.

Чаҳор паҳлавони тоҷик ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфтанд

Чаҳор ҷудокори тоҷик ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтанд. Федератсияи байналмилалии ҷудо дар сомонаи расмии худ рӯзи 22-уми июн охирин радабандии олимпиро қабл аз оғози бозиҳо нашр кард.

Тибқи радабандии нашршуда, варзишгарони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг, Акмал Муродов дар вазни 81 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг ва Темур Раҳимов дар вазни 100 кг, соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио -2020 шуданд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон навиштааст, Беҳрӯз Хоҷазода -- ҷудокори дигари тоҷик ҳам дар "минтақаи сабзи" ҷадвали радабандии олимпӣ қарор дорад.

Аммо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо, аз як кишвар дар як вазн танҳо нафари дар радабандии олимпӣ назар ба ҳамватани худ мақоми болотар дошта, соҳиби роҳхати олимпӣ мегардад. Аз ин рӯ, Беҳрӯзи Хоҷазода ҳарчанд дар "минтақаи сабз" қарор дорад, бинобар имтиёзҳои кам доштанаш аз Сомон Маҳмадбеков, роҳхати Олимпиадаи дар пеш бударо ба даст наовард.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов мустақиман ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифтанд ва Акмал Муродов бо ба даст овардани квотаи минтақавӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.

Федератсияи байналмилалии ҷудо рӯзи 28-уми июн ҳамаи варзишгарони соҳиби роҳхат шударо расман эълон менамояд. Дар Бозиҳои олимпӣ сабқати варзишгарон дар риштаи ҷудо аз 24-ум то 31-уми июл идома меёбад.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 килограмм ба даст овардааст.

Аз Тоҷикистон муштзанҳо Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев ва Гулсумбӣ Шарифова (варзиши сабук) низ дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 иштирок мекунанд.

Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 23-юми июл то 8-уми августи имсол баргузор мешавад. Ин мусобиқа бинобар пандемияи коронавирус як сол ба таъхир афтод.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG