Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маршал Фаҳим ба хок супурда шуд


Дар Кобул маросими дафни Муҳаммад Қасим Фаҳим-муовини раиси ҷумҳури Афғонистон баргузор гардид. Вай дар синни 57 солагӣ бо марги табиӣ даргузашт.

Рӯзи сешанбе ин маросим дар вазорати дифоъ оғоз ёфт ва ба Қасри раиси ҷумҳур интиқол ёфт. Дар он мақомоти давлатӣ, меҳмонони хориҷӣ, дипломатҳо ширкат ва эҳтиромоти худро тақдим карданд.

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳур хадамоти Фаҳимро барои кишвар арзишманд хонд ва даргузашти вайро зоеъаи бузург барои миллат номид. Ҷанозаи Фаҳим дар қабристони наздикии Кобул ба хок супурда шуд. Ҳазорон нафар дар ин маросим гидиҳам омада буданд. Карзай аз ҷумлаи ононе буд, ки аз пояи тобути Фаҳим бардошт.

Фаҳим аз фармондеҳони номдори эътилофи шимоли Афғонистон буд, ки дар барканории Толибон аз қудрат саҳми басазо дошт. Вай чанд ҳафта пеш аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон даргузашт.
XS
SM
MD
LG