Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Янукович суханронӣ мекунад


Виктор Янукович
Виктор Янукович
Бино ба гузоришҳои расида, Виктор Янукович-раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина соати 10 вақти Аврупо баробар бо 14 вақти Душанбе изҳороте пахш мекунад. Як манбаи номаълуми наздик ба Янукович ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, ки Янукович дар шаҳри Ростови лаби Дон суханронӣ хоҳад кард.

Баъд аз фирор аз Украина ин дуввумин суханронии вай дар чашми мардум мебошад. Вай дар суханронии 28 феврали худ дар шаҳри Ростови лаби Дон гуфта буд, ки то ҳол худро раиси ҷумҳури қонунии Украина мешуморад ва ҳукумати кунунии Украинаро “фашистони ҷинояткор” ном бурда буд.

Дар нишасти хабарии 4 март Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия Януковичро раҳбари қонунии Украина арзёбӣ кард, вале эътироф намуд, ки вай дигар ояндаи сиёсӣ надорад. Путин гуфт, барои он ба Янукович паноҳгоҳ дод, ки ҷонаш дар хатар буд.
XS
SM
MD
LG