Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукурҷон Зуҳуров рӯзноманигоронро табрик гуфт


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзноманигоронро ба муносибати "Рӯзи матбуоти тоҷик" табрик гуфта, онҳоро ба ҳимояи манфиатҳои миллату давлат даъват кард. Раиси порлумони Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 11-уми март зимни вохӯрӣ бо иддае аз рӯзноманигорон дар бинои Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ, "аз рӯзноманигорӣ ба унвони пешаи мушкил ном бурд, вале гуфт, ки "ҳарфи ҳақиқат садсолаҳо соҳиби худро шафоат хоҳад кард". Шукурҷон Зуҳуров хитоб ба рӯзноманигорон гуфт, ки "бояд маводеро чоп кунед, ки дар он ғараф набошад ва масоилу мушкилоти ҷомеа ба таври шаффоф инъикос гардад". Ҷаноби Зуҳуров ба ҳамкории порлумон бо рӯзноманигорон таъкид кард ва гуфт, ки "рӯзноманигорон бояд ба куллияи вакилони порлумон ҳамкорӣ кунанд ва дар таҳияи матлабу маводҳо аз онҳо истифода кунанд, ки дар ин кор мусоидат хоҳам кард."
XS
SM
MD
LG