Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пойгоҳҳои ҳарбии Русия дар Шӯравии собиқ (Инфографика)


Рӯйдодҳои Қрим, ки гуфта мешавад, Русия дар ин ҳаводис аз пойгоҳи ҳарбии худ дар Севастопол истифода кардааст, баҳси пойгоҳҳои ин кишварро дар давлатҳои дигар ба миён овард.

Ҳарчанд мақомоти Русия ҳама гуна дахолати нерӯҳои ин кишварро дар ҳаводиси Қрим рад мекунанд, аксари коршиносон бар инанд, ки Кремл барои ишғоли Қрим аз ҳарбиёни худ дар пойгоҳи ҳарбияш дар Севастопол истифода кардааст. Дар ин робита дар кишварҳои Шӯравии собиқ аз ҳузури чунин пойгоҳҳо изҳори нигаронӣ мешавад, ки дар шароити муайян мумкин аст, Маскав аз онҳо барои иҷрои иродаи хеш истифода кунад.

Пурсишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки оё Русия дар кадоме аз кишварҳои пасошӯравӣ пойгоҳ дорад ва ин пойгоҳҳо чӣ қадар нерӯ доранд, водор намуд, ки дар як нақшаи иттилоотӣ ба ин пойгоҳҳо таваҷҷӯҳ шавад. Аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон суол кардаанд, ки Русия дар Тоҷикистон чанд пойгоҳ дорад ва мӯҳлати ҳузури онҳо дар ин кишвар чанд солро дар бар мегирад. Барои дидани ҳамаи ҷузъиёт ва истифодаи интерактивӣ аз нақша акси зерро "ангушт занед".

Инфографика: Пойгоҳҳои ҳарбии Русия дар кишварҳои Шӯравии пешин
Инфографика: Пойгоҳҳои ҳарбии Русия дар кишварҳои Шӯравии пешин
XS
SM
MD
LG