Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ба танишҳои нав омода мешаванд


Ба думболи тазоҳуроти тарафдорони ҳукумат ва мардуми русиягаро дар Украина дар рӯзи якшанбе, ин кишвар ба мавҷи танишҳои нав омода мешавад. Аз ҷумла дар Донетск дирӯз ҳазорон нафар ба назди ҳукумати ин шаҳр раҳпаймоӣ карда, сипас парчами Украинаро аз боми он барафканданд ва ба ҷойи он парчами Русияро афрохтанд. Тазоҳуроти тарафдорони ҳукумати Украина ба раҳбарии Виталий Кличко, яке аз номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурро аз бими ҳамлаи тарафдорони Русия ба онҳо лағв карданд. Дар шаҳри Луҳанск, дар наздикии Донетск, тарафдорони Русия бинои шаҳрдориро ишғол карда ва хостори истеъфои раиси шаҳр шуданд. Дар шаҳри Симферопол, пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Қрим низ ҳазорон нафар бо талаби пайвастани ин минтақа ба Русия раҳпаймоӣ карданд. Дар тазоҳуроти ҷабҳаи мухолифи онҳо, ҳудудан 500 нафар ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG