Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 мактабхон ба гумони ғорати дӯкони телефонфурӯшӣ


Мақомоти пулис дар минтақаи Рашт ду ноболиғро ба гумони дуздии ашё аз як дӯкони фурӯш ва таъмири телефонҳо ба маблағи 2395 сомонӣ, боздошт кардаанд.
Тибқи иттилои раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт, соҳибони маркази фурӯш ва таъмири телефонҳо Динмуҳаммади Идибек ва Раҳимҷон Муҳиддинов ба ин ниҳод муроҷиат намудаанд, ки шаби 7 ба 8-уми марти соли ҷорӣ шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба дӯконҳояшон даромада, амволи онҳоро ба яғмо бурдаанд. Аз ҷумла онҳо аз соҳибмулки аввал 7 адад телефони мобилӣ ва 10 адад флешкарта, аз соҳибмулки дуввумин 4 адад телефони мобилӣ ва 2 адад флешкарта, ки арзиши умумиашон 2395 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар пайи ҷустуҷӯи кормандони пулис, бо далели даст задан ба дуздӣ, хонандагони синфи 8-и Илҳомуддини Валӣ ва Зиёрат Комилов, соли таваллудашон 1999 сокинони ноҳияи Рашт, хонандагони синфи 8-и мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ дастгир карда шуданд. Мақомоти мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад.
XS
SM
MD
LG