Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 42 нафар дар таркиши маргталабонае дар Ироқ


Бар асари таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар шаҳри Ҳиллаи Ироқ дасти кам 42 нафар кушта ва 150 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои пулис, маргталаб мошинро дар канори постгоҳ дар ҳоле инфиҷор кард, ки он ҷо теъдоди зиёди одамон ҷамъ омада буданд. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст. Шаҳри Ҳилла, ки асосан шианишин аст, дар 95 километрии Бағдод ҷойгир шудааст.

Як рӯз пеш бар асари чанд ҳамла дар Ироқ дасти кам 11 нафар қурбон шуда буданд.

Ироқ дар хунбортарин марҳала аз соли 2008 ба ин сӯ қарор дорад. Ба навиштаи France-Presse, фақат дар ду моҳи соли равон бар асари амалҳои террористӣ ва ҳамлаҳо беш аз 1800 нафар ба ҳалокат расиданд. Соли гузашта, ба иттилои СММ, дар Ироқ тақрибан 9 ҳазор нафар ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG