Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эштон: Кафолати имзои созиши ниҳоӣ бо Теҳрон мавҷуд нест


Кэтрин Эштон ва Ҷавод Зариф қабл аз нишасти хабарӣ дар Теҳрон
Кэтрин Эштон ва Ҷавод Зариф қабл аз нишасти хабарӣ дар Теҳрон
Кэтрин Эштон, масъули сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо, изҳор намуд, ки алҳол ягон кафолате барои имзои созиши ҳамаҷонибаи ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон мавҷуд нест.

Изҳороти ӯ рӯзи якшанбе, 9 март, дар Теҳрон, дар нишасти хабарии муштарак бо вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф садо дод. Оғои Зариф ба хабарнигорон гуфт, Теҳрон фақат созишеро қабул дорад, ки дар он ба ҳаққи кишвар ба дарёфти нерӯи ҳастаӣ арҷ гузошта мешавад.

Эрон ва “шашгона” – панҷ узви доимии СММ ба изофаи Олмон дар музокироте дар Женева моҳи ноябри соли гузашта дар мавриди гузаштҳое дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон ба созиш расида буданд.

Кэтрин Эштон барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти эронии вориди музокироти ҳастаӣ ва баррасии масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байнулмилалӣ бо мақомоти Эрон рӯзи шанбе вориди Теҳрон шуд.
XS
SM
MD
LG