Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши модари тоҷик дар рӯзи идаш ҳам поён надорад


8-уми март сокинони Тоҷикистон Рӯзи модаронро таҷлил мекунанд, вале ба назар мерасад, ки дар ин рӯз ҳам ташвиши модарон коҳиш нахоҳад ёфт.

Шояд модарон аз пурташвиштарин шахс дар сайёраи мо ба шумор мераванд. Бо ин ҳам модари тоҷик бештар аз модарони дигар масъулияти рӯзгорро бар дӯш гирифтааст. Дар шароите, ки баъзе падарон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, модарон ба истилоҳ дар тарбияи фарзандон ва корҳои рӯзгор “ҳам падаранд ва ҳам модар”.

То соли 2009 8-уми март дар Тоҷикистон низ чун дар аксари кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмиллалии озодии занон ном дошт. Вале аз он сол ба баъд бо фармони раиси ҷумҳур ин ҷашн “Рӯзи модар” ном гирифт ва шояд ҳадаф ин аст, ки дар ҷомеа ба модар эҳтирому эътибори бештар қоил шаванд.
Ташвиши модари тоҷик поён надорад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:11 0:00
XS
SM
MD
LG