Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ вориди шаҳри Ақабаи Урдун шуд


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, бо ҳадафи гуфтугӯ дар бораи раванди сулҳ дар Ховари Миёна вориди шаҳри Ақаба шуд.Ӯ бо Шоҳ Абдулло дар ин бора гуфтугӯ мекунад. Сафари ногаҳонии Ҷон Керрӣ дар рӯзи ҷумъа, дар ҳолест, ки вазири умури хориҷии Амрико умед дорад, Исроилу фаластиниён то охири моҳи апрел сари чаҳорчӯби созиши сулҳ ба мувофиқа мерасанд. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ҳамин ҳафта дар шаҳри Вашингтон гуфт, ки хоҳони имзои мувофиқатнома аст, вале ба шарте ки фаластиниён Исроилро ба ҳайси як кишвари мустақили яҳудиён эътироф кунанд ва бозгашти муҳоҷирони фаластинӣ ба сарзаминҳои ишғолиро талаб накунанд. Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури фаластиниён, мегӯяд, идомаи шаҳраксозиҳои Исроил дар сарзаминҳои ишғолӣ дар Канораи Ғарби Рӯди Урдун ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ аз монеаҳои аслии имзои созиши сулҳ аст, ки бар асоси он бояд кишвари мустақили Фаластин таъсис ёбад.
XS
SM
MD
LG