Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико маҳдудияти раводид ҷорӣ кард


Амрико бар зидди баъзе аз мақомот ва шахсиятҳо маҳдудияти виза ё раводид ҷорӣ кард ва гуфт, ки онҳо ба “истиқлол ва тамомияти арзии Украина хатар доранд”. Як мақоми аршади Амрико гуфт, ин маҳдудият ҳам ба мақомоти Русия ва ҳам ба мақомоти Украина дахл дорад.

Кохи Сафед дар ин бора дар эъломияе гуфтааст, ки рӯзи панҷшанбе Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико низ дар феҳристи мазкур имзо гузоштааст. Мамнуияти содир кардани виза ба ин афрод бар иловаи таҳримҳоест, ки барои нақзи ҳуқуқи башар бар зидди баъзе аз шахсиятҳо содир мешавад. Таҳримҳои пеш бар зидди шахсиятҳое буд, ки дар саркӯбиҳои сиёсӣ дар Украина даст доранд.

Кохи Сафеди Амрико мегӯяд, ки тадбирҳои иловагиро низ баррасӣ мекунад ва он ба чигунагии вазъи оянда дар Украина иртибот хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG