Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 иддаои Путин дар бораи Украина дурӯғ баромад


Владимир Путин
Владимир Путин
Вазорати корҳои хориҷаи Амрико бо анҷоми тадбире 10 иддаои дуруғини Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русияро дар бораи вазъияти Украина ифшо кардааст. Дар санаде, ки рӯзи чаҳоршанбе ба нашр расид, гуфта мешавад, ки Путин дар талоше барои собит сохтани дурустии иқдомоти худ дар Украина, аз воқеият чашм мепӯшад ва ё далелҳоро дигар мекунад.

Дар яке аз чунин иддаои дуруғ гуфта мешавад, ки дар Қрим биноҳои идорӣ ва таъсисоти низомиро низомиёни Русия забт накардаанд, балки “гуруҳҳои шаҳрвандии дифоъ аз худ” ба тасарруфи худ даровардаанд.

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, далоили қотеъ вуҷуд дорад, ки аз нируҳои зидди украинӣ дар Қрим сохторҳои низомии Русия ҳимоят мекунанд.

Муаллифони санади амрикоӣ ҳамчунин изҳороти Путин дар бораи бӯҳрони башарӣ дар Украина, хатар ба ақалиятҳои миллӣ ва ба пойгоҳҳои Русияро рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG