Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо тарҳи кӯмак ба Украинаро муаррифӣ кард


Кумиссиёни Аврупо рӯзи чаҳоршанбе тарҳи кӯмакҳои иқтисодӣ барои Украинаро муаррифӣ кард, ки бар тибқи он бояд дар солҳои наздик ба ин кишвар 15 миллиард доллар кӯмаки молӣ карда шавад. Бар асоси ин барнома, бояд сар аз имсол то соли 2016 ба Украина бояд 1 миллиарду 600 миллион евро қарз, 1 миллиарду 400 миллион евро кӯмаки бебозгашт ва 5 миллиард евро қарз аз ҳисоби Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд дода шавад. Ба гуфтаи Хосе Мануэл Барросо, кӯмаки мазкур баъд аз он дода мешавад, ки Украина бо Сандуқи Байналмилалии Пул созишнома имзо кунад. Як миллиард еврои он то чанд ҳафтаи дигар дар ихтиёри Украина қарор хоҳад гирифт. Интихор меравад, сарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва порлумони Аврупо ин қарорро пуштибонӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG