Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се кишвари Халиҷи Форс сафирони худро аз Қатар фаро хонданд


Арабистони Саудӣ, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб сафирони худ аз Қатарро фаро хонданд.

Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн рӯзи 5-уми март дар эътироз ба он чи "мудохилаи Қатар дар умури дохилиашон" зикр кардаанд, сафирони худ аз он кишварро фаро хондаанд.

Шабакаи "Аҷ-Ҷазира" гузориш медиҳад, ки ин тасмим ба дунболи "ҷаласаи тӯфонӣ"-и шаби гузаштаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс дар Риёз-пойтахти Арабистони Саудӣ гирифта шудааст.

Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн ин тасмимро дар баёнияи муштараке, ки имрӯз нашр шуд, эълом карданд.

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки аъзои Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷи Форс борҳо аз Қатар хоста буданд дар умури дохилии ин кишварҳо дахолат накунад ва аз ҳимояти аҳзобе, ки субот ва амниятро дар ин кишварҳо ба хатар меандозад, даст бардорад.

Қатар аз ҳомиёни ҳаракати "Ихвон-ул-муслимин" аст, ки фаъолияти он дар бештари кишварҳои шайхнишини ҳавзаи Халиҷи Форс мамнӯъ аст. Аз сӯи дигар, ин кишвар мизбони донишманди маъруфи мусалмон Юсуфи Қарзовӣ аст, ки дар хутбаҳои намози ҷумъаи Доҳа, сиёсатҳои ҳокимони кишварҳои Халиҷи Форсро мавриди интиқод қарор медиҳад. Қаблан ин кишварҳо аз Қатар хоста буданд, ки Шайх Қарзовиро аз Қатар ихроҷ намояд.

Таниш миёни кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ба вижа пас аз сарнагунии ҳукумати мунтахаби Миср, ки Муҳаммад Мурсӣ дар раъси он қарор дошт, бештар шудааст. Қатар аз пуштибонони ҳукумати Муҳаммад Мурсӣ буд ва барои дар ҳолати эътидол нигаҳ доштани иқтисоди Миср миллиарҳо доллар кӯмак карда буд.

Аз сӯи дигар, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб бо сармояҳои ҳангуфти худ дар суқути ҳукумати исломиҳо дар Миср дасти дароз доштанд ва ба ҳукумати низомиёни Миср бо раҳбари Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ, беш аз 12 миллиард доллар кӯмак кардаанд.
XS
SM
MD
LG