Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои Русия бахше аз воҳидҳои низомии дифоъи зиддиҳавоии Украинаро гирифтаанд. Ба навиштаи хабаргузории “Интерфакс”, сарбозони рус ду баталиёни зиддимушакии Украинаро ишғол кардаанд. Вале хабаргузории Франс Пресс аз қавли сухангӯи вазорати дифоъи Украина навиштааст, ки ситоди фармондеҳӣ ва маркази назоратии пойгоҳи Евпатория ҳамчунон дар дасти нерӯҳои украинӣ аст. Айни замон дар шаҳри Донетск, маъмурони пулиси Украина, қароргоҳи ҳукумати шаҳрро аз тазоҳургарони тарафдори Русия, ки онро чанде пеш ишғол карданд, холӣ мекунанд. Онҳо дар боми ҳукумат, ки парчами Русияро афрохта буданд, дигарбора парчами Украинаро афрохтаанд. Маъмурони пулис гуфтанд, ки доир ба гузоштани маводи тарканда дар дохили бино гузориш гирифтаанд ва барои ҳамин онро холӣ мекунанд.