Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бобоназарова ҷоизаи "Зани шуҷоъ"-ро соҳиб шуд


Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқи шинохтаи Тоҷикистон ҳамроҳ бо 9 зани дигар аз ҷумла як зани афғону украинӣ ва гурҷӣ, ҷоизаи “Зани шуҷоъи сол”-ро ба даст оварданд, ки ҳар сол вазорати умури хориҷии Амрико тақдим мекунад. Насрин Ориёхил, сартабиби зойишгоҳи шаҳри Кобул, Руслана Лужко, сарояндаи украинӣ ва яке аз фаъолони мухолифони давлат ва Русудан Готсиридзе, як рӯҳонии гурҷӣ рӯзи 4 март ҷоизаро дар шаҳри Вашингтон ба даст оварданд. Мишел Обама, ҳамсари раиси ҷумҳури Амрико дар маросими тақдими ҷоиза аз хидмату шуҷоати ин бонувон ситоиш кард. Вазорати умури хориҷии Амрико ҷоизаи “Зани шуҷоъ”-ро соли 2007 таъсис дод ва бонувоне сазовори ин ҷоиза дониста мешаванд, ки ба гуфтаи муассисонаш, “дар ривоҷи сулҳу адолат, ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва нерӯ бахшидан ба занон” шуҷоати истисноӣ нишон додаанд.
XS
SM
MD
LG