Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин хароҷоти низомиашро зиёдтар мекунад


Давлати Чин эълон кард, ки хароҷот барои арсаи низомиро соли равон 12,2 дар сад афзуда ва ба 132 миллиард доллар мерсонад. Афзоиши хароҷот барои артиши 2 миллиону 300 ҳазор нафарии Чинро дар оғози нишасти солонаи Анҷумани Миллӣ, порлумони кишвар рӯзи чаҳоршанбе эълон карданд. Ли Кегиянг, нахуствазири Чин дар анҷуман гуфт, ҳукумат "пажӯҳишҳо барои дифоъи миллӣ, тавлиди силоҳҳои пешрафта ва таҷҳизотро” бештар хоҳад кард ва “посбонии марзҳо, системаҳои дифоъи баҳриву ҳавоӣ” тақвият хоҳад дод. Хароҷоти Чин барои артиш берун аз буҷа ҳам сурат мегирад ва ба гуфтаи мутахассисон мумкин аст, то 200 миллиард доллар бирасад. Харҷи Амрико барои арсаи низомӣ солона тақрибан ба 527 миллиард доллар мерасад.
XS
SM
MD
LG