Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико робитаҳои низомӣ бо Русияро мутаваққиф кард


Вазорати дифои ИМА рӯзи сешанбе, 4 март, ҳама гуна робитаҳо бо вазорати дифои Русияро мутаваққиф кард.

Ба гуфтаи намояндаи Пентагон Ҷон Кирбӣ, ин тасмим рӯи ҳама гуна робитаҳои низомии миёни ду кишвар, аз ҷумла, машқҳои муштарак ва чандҷониба, ташрифи ҳайатҳои низомӣ ба бандарҳо, баргузории конфаронсу дигар нишастҳои низомиёни ду кишвар таъсир хоҳад гузошт. Ӯ рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҳарчанд ҳамаи ин робитаҳо барои Амрико пурарзишанд, Вошингтон бар асари аъмоли Маскав дар Украина маҷбур аст онҳоро мутаваққиф кунад. “Мо аз Русия даъват мекунем, ки ба хотири рафъи бӯҳрон дар Украина ҳама низомиёни русро ба пойгоҳҳои Флоти Русия дар баҳри Сиёҳ баргардонад”, изҳор намуд Ҷон Кирбӣ.

Намояндаи Пентагон ҳамчунин овозаҳо дар мавриди дар минтақа пайдо шудани киштиҳои низомии Амрикоро рад кард ва таъкид намуд, ки ягон киштии нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии ИМА аз пойгоҳҳо берун нашудааст.
XS
SM
MD
LG