Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин барои бозгашти низомиён ба қароргоҳҳо амр дод


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи сешанбе, 4 март, ба нерӯҳои низомие, ки дар тамринҳои ҳарбии ғайриинтизор дар наздикиҳои марз бо Украина ширкат доштанд, амр кард то ба қароргоҳҳои худ баргарданд. Расонаҳои русӣ аз қавли Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳур, навиштаанд, ки "машқҳои низомӣ бо муваффақият анҷом ёфтаанд".

Владимир Путин ҳафтаи гузашта, баъд аз ноором шудани авзоъ дар Украина ва барканории раҳбари он Виктор Янукович, хостори баргузории тамринҳои низомии артиши Русия шуд. Дар ин машқҳо тақрибан 150 ҳазор афсару сарбоз, 900 танк ва даҳҳо ҳавопаймову чархбол ва киштиҳои ҳарбӣ ширкат доштанд.

Маскав ҳама гуна рабти ин машқҳо бо бӯҳрони сиёсӣ дар Украинаи ҳамсояро рад мекард.
XS
SM
MD
LG