Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳейг ба Русия аз "оқибатҳо" ҳушдор дод


Ятсенюк ва Ҳейг дар мулоқоти Киев
Ятсенюк ва Ҳейг дар мулоқоти Киев
Виллиам Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи Британия зимни сухунони худ дар Киев ба Русия аз “оқибатҳо ва арзиш”-и ба назорати нируҳои Русия ва нируҳои ҷонибдори он даромадани Қрими Украина ҳушдор дод.

Ҳейг ин рафтори Русияро “ғайриқобили қабул” хонд ва гуфт, дар қарни 21 ин роҳи ҳали масъалаҳои байналмиллалӣ нест. Ҳейг тавзеҳ надод, ки ин оқибатҳо чӣ метавонад бошад, вале гуфт, ки вай дар бораи роҳҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ сӯҳбат мекунад. Вай рӯйдодҳои Украинаро бузургтарин бӯҳрони қарни 21 дар Аврупо номид.

Ҳейг рӯзи душанбе бо Олександр Турчинов-кафили мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина дар Киев дидор ва гуфтугӯ дошт.

Ятсенюк дар ҳоле, ки Ҳейг дар паҳлӯяш истода буд, ба рӯзноманигорон гуфт, ки Қрим қаламрави Украина боқӣ хоҳад монд ва аз он “ба таври воқеӣ” ҳимояти иқтисодӣ ва сисёсӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG