Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон шабакаи қочоқро аз байн бурдаанд


Кормандони интизомии Қирғизистон як шабакаи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро аз байн бурдаанд. Дар ин бора вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон ба маъбуот хабар додааст. Дар ин амалиёт тақрибан 18 кило ҳероин мусодира шудааст.

Бино ба хабари ин манбаъ, рӯзи якшанбе ҳангоми доду гирифти маводи қочоқӣ як зан боздошт шудааст ва ҳангоми бозрасӣ дар бағочи мошини навъи Фолксваген Пассат 17 килову 995 грам ҳероин ифшо шудааст.

Дар натиҷаи санҷиши лабараторӣ маълум шудааст, ки ин ҳероин сохти Афғонистон будааст.
XS
SM
MD
LG