Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири НАТО: "Русия ба суботи Аврупо таҳдид мекунад"


Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО рӯзи якшанбе гуфт, Русия бо иқдомоти низомиаш дар Украина ба амният ва субот дар Аврупо таҳдид мекунад. Ӯ дар остонаи нишасти сафирони кишварҳои узви НАТО дар Брюссел ба хабарнигорон гуфт, “Амалкардҳои Русия дар Украина мухолифи маншури Созмони Милал аст ва ба амнияту субот дар Аврупо таҳдид мекунад.” Андерс Фог Расмуссен аз Русия хост, танишҳоро фӯру нишонанд ва аз тамоми тарафҳо хост, барои “берун омадан аз ин вазъи хатарнок” талошҳояшонро идома бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG