Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин ба Украина нерӯ мефиристад


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумон хостааст, ба истифодаи нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш дар Украина иҷоза бидиҳад. Қарор аст, ин дархост ба зудӣ тасвиб шавад. Ҳукумати Русия рӯзи шанбе гуфт, Владимир Путин барои таъмини амнияти рустаборон ва нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар нимҷазираи Қрим чунин дархост кардааст. Бар тибқи баёнияи Кремл, нерӯҳои Русия то замони “ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ” дар Украина истифода мешаванд. Пештар аз ин Игор Тенюх, вазири дифоъи Украина гуфт, Русия сар аз рӯзи ҷумъа ба Украина 6 ҳазор сарбози изофӣ ва 30 мошини зиреҳпӯш фиристодааст. Ӯ афзуд, ирсоли нерӯ бе иҷозаи ҳукумати Украина сурат гирифтааст ва нақзи тамомияти арзии кишвараш аст.
XS
SM
MD
LG