Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тартиби имтиёз барои довталабони мактабҳои олӣ


Вазорати маорифи Тоҷикистон тартиби имтиёзҳо барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дақиқ кардааст. Ситора Назарова, масъули Маркази тестии назди президенти Тоҷикистон рӯзи 28-уми феврал дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, довталабоне, ки волидонаш вафот кардаанд, аз пардохти маблағ озоданд ва довталабоне, ки ё падар ё модараш дар қайди ҳаёт аст, танҳо 50 дарсад аз маблағи муқарраршударо пардохт мекунад. Хонум Назарова гуфт, бар асоси дастури вазорати маориф, ҳангоми бақайдгирии довталабон, онҳо бояд санади ятим, ё нимаятимиро, ки мақомоти давлатии ваколатдор додааст, пешниҳод кунанд. Дар ин ҳолат аз ҷониби Маркази миллии тестӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ, онҳо ба инобат гирифта шуда, соҳиби имтиёз мешаванд. Зимнан, Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон арзиши хизматрасонияшро ҳангоми имтиҳонҳои дохилшавӣ барои як довталаб 150 сомонӣ, ки муодили беш аз 30 доллар аст, муқаррар карда буд. Довталабон метавонанд, пас аз супоридани 150 сомонӣ дар филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» расид ва ё чеки онро дар баробари дигар ҳуҷҷатҳо, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ супоранд.
XS
SM
MD
LG