Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати тоторҳои Русия ба Қрими Украина сафар мекунад


Ҳайате аз порламони ҷумҳурии Тотористони Русия ба ҷумҳурии мухтори Қрими Украина сафар кардааст. Фарит Муҳаммедшин-раиси порламони Тотристон рӯзи панҷшанбе гуфт, вазифаи ин ҳайат аз он иборат аст, ки ба мақомоти расмии Қрим кӯмак кунанд, ки дар ин нимҷазира назмро барқарор кунанд, зеро “нируҳои харобкор талош доранд ҳамзистии байни қавмиро аз байн баранд”.

Ҳайати Тотористони Русия замоне ба Қрим сафар мекунад, ки мардони мусаллаҳи номаълум биноҳои порламон ва ҳукумати маҳаллии Қримро субҳи рӯзи панҷшанбе ба тасарруфи худ дароварданд.

Ин пешомадҳо баъд аз барканории Виктор Янукович аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва нигарониҳои рӯзафзун аз ҷудоиталабӣ рух додааст, зеро дар ин нимҷазира бештар аҳолии ҷонибдори Русия ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG