Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо виза бо Молдоваро бекор мекунад


Порламони Аврупо
Порламони Аврупо
Интизор меравад, ки порламони Аврупо рӯзи панҷшанбе дар иҷлоси худ дар Страсбург муқаррароти виза ё раводидро барои шаҳрвандони Молдова аз миён бардорад ва шаҳрвандони Молдова ҳақи рафту омади бе раводид ба кишварҳои узви паймони Шенгенро пайдо кунанд.

Дар аввали моҳи ҷорӣ Кумитаи озодиҳои шаҳрвандӣ, адолат ва умури дохилии порламон ин пешниҳодро матраҳ кард. Кумиссиюни Аврупо низ бекор кардани виза барои шаҳрвандони Молдоваро пешниҳод карда буд.

Вақте ки дар моҳи ноябр дар Вилнюс Молдова бо Иттиҳодияи Аврупо мувофиқатномаи ҳамкориро имзо кард, пешниҳод шуд, ки бо ин кишвар муқаррароти раводид аз миён бардошта шавад ва намояндагони порламон гуфтанд, ки баъд аз моҳи май ё июн шаҳрвандони Молдова метавонанд ба қаламрави кишварҳои Шенген бидуни раводид рафту омад кунанд.
XS
SM
MD
LG