Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афроди номаълум дар Қрим ду бинои ҳукуматиро тасарруф кардаанд


Бино ба хабарҳои расида аз Қрими Украина, афроди мусаллаҳи номаълум дар шаҳри Симферопол ду бинои ҳукуматиро ба тасарруфи худ даровардаанд.

Интерфакси Украина аз номи манобеъ дар порламон хабар додааст, ки даҳҳо нафари комилан мусаллаҳ дар либоси низомии бидуни нишонҳои маълумкунанда вориди ин биноҳо шудаанд ва посбонони он ҷоро бидуни муқовимат барканор кардаанд.

Ин хабарро Рифъат Чубаров-раҳбари ҷамъияти тоторҳои Қрим таъйид кардааст. Дар аксҳо дида мешавад, ки бар фарози ҳар ду бино парчамҳои Русияро овехтаанд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс мегӯяд, ки дар Шӯрои намояндагони маҳаллӣ ба занги телефонии онҳо касе ҷавоб надодааст ва сомонаи интернетии онҳо низ фаъол нест.

Рӯзи чаҳоршанбе эътирозгарони зидди Русия ба порламони минтақаӣ ҳамла бурданд ва ҷаласаи навбатии он дар бораи бӯҳрони Украина қатъ гардид.

Ин пешомадҳо баъд аз барканории Виктор Янукович аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва нигарониҳои рӯзафзун аз ҷудоиталабӣ рух додааст, зеро дар ин нимҷазира бештар аҳолии ҷонибдори Русия ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG