Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек аз Жириновский тавзеҳот мехоҳад


Владимир Жириновский
Владимир Жириновский
Қирғизистон ба нақша гирифтааст, ки бар зидди изҳороти таҳқиромези Владимир Жириновский-раиси Ҳизби Либерал Демократи Русия эътироз кунад. Эрлан Абдилдаев-вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон рӯзи сешанбе гуфт, ки изҳороти ахири Жириновский дар бораи Осиёи Миёна “вуруди Қирғизистон ба Иттиҳодияи Гумрукиро зери хатар мебарад”.

Намояндагони порламони Қирғизистон аз вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар хостанд, ки Жириновский дар бораи чунин изҳороташ ба таври расмӣ тавзеҳот диҳад.

Рӯзи якшанбе дар як гирдиҳамоӣ дар Маскав Жириновский изҳор дошт, ки “Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Узбакистон бояд як гурӯҳ шаванд ва ба воҳидҳои маъмурии Русия табдил ёбанд”.

Дар гузашта ҳамин гуна изҳорот сабаб шуд, ки Қазоқистону Қирғизистон ба таври муваққат вуруди Жириновский ба кишварашонро мамнуъ карда буданд.
XS
SM
MD
LG