Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламон ҳукумати муваққатро ба тасвиб мерасонад


Олександр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии Украина аз порламон хост, ки рӯзи сешанбе аъзои кобинаи ваҳдати миллӣ ё ҳукумати ваҳдати миллиро ба тасвиб расонанд. Ҳамзамон намояндагони Иттиҳодияи Аврупо бо раҳбарони Украина мулоқот ва аз онҳо хоҳанд хост, ки ба ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ суръат бахшанд.

Дар назар аст, ки рӯзи сешанбе Виллам Бурнз-муовини вазири корҳои хориҷаи Амрико вориди шаҳри Киев шавад. Аммо субҳи рӯзи сешанбе Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо бо Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина мулоқот кард. Тимошенко рӯзи шанбе аз зиндон раҳо шуд.

Виллиам Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи Британия мегӯяд, ки вай ба таври мухтасар аз Киев боздид анҷом хоҳад дод.

Рӯзи душанбе Украина санади боздошти Виктор Янукович-раиси ҷумҳури барканоршуда, бедаракшуда ва ҷонибдори Русияро содир кард. Вайро барои куштори эътирозгарон муттаҳам медонанд.

Рӯзи душанбе Киев аз маҳофили байналмиллалӣ 35 миллиард доллар кӯмак хост. Вале Маскав ҳукумати муваққати Украинаро ғайриқонунӣ эълон кард.
XS
SM
MD
LG