Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Кетрин Эштон ба Украина оғоз шуд


Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе сафари дурӯзааш ба Украинаро оғоз кард ва дар ҷараёни он бо раҳбарони муваққати он кишвар роҳҳои рафъи бӯҳрони сиёсӣ ва шеваҳои ба эътидол овардани ваззъи иқтисодиро баррасӣ мекунад. Аз ин пеш Олександр Турчинов, раиси ҷумҳури муваққат ва тозаинтихоби Украина рӯзи якшанбе гуфт, “Украина бояд ба ҳалқаи кишварҳои аврупоӣ баргардад” ва “роҳи ҳамгироӣ бо Аврупоро”пеш бигирад. Ӯ афзуд, ки Киев омодаи муколама бо Русия аст, ки “интихоби аврупоии Украинаро ба инобат бигирад.” Раиси ҷумҳури муваққат ҳамчунин аз порлумони Украина хост, то рӯзи сешанбе ҳайати ҳукумати навро тасвиб кунад. Ҳукумати Русия гуфтааст, ки қарор дар бораи ихтисоси кӯмакҳои молии ваъдагӣ ба Украинаро баъд аз ташкили ҳукумати нав қабул хоҳад кард. Иттиҳодияи Аврупо гуфт, дар сурати ба мувофиқа расидани Украина бо Сандуқи Байналмилалии Пул, ба он кишвар кӯмаки иқтисодӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG