Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Кохи Сафед ва ҳушдори Русия


Кохи Сафеди Амрико аз раҳоии Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини Украина истиқбол кард ва гуфт, рӯйдодҳои ахири ин кишвар “ба қатъи хушунатҳо, тағирот дар Қонуни Асосӣ, ташкили ҳукумати эътилофӣ ва баргузории интихоботи зудрас” кӯмак мекунад.

Дар эъломияи Кохи Сафед, ки рӯзи шанбе ба нашр расид, ҳамчунин гуфта мешавад, ки Вашингтон бо ҳампаймонҳои худ ва бо Русия ҳамкорӣ хоҳад кард, то аз “Украинаи пешрафта, воҳид ва демократӣ” ҳимоят кунад.

Пештар вазири корҳои хориҷаи Русия мухолифони Украинаро муттаҳм карда буд, ки “худро ба тундравҳои мусаллаҳ ва дуздон таслим кардаанд ва рафтори онҳо ба тамомияти арзиву низоми қонунии Украина таҳдид мекунад”.

Фаронсаву Олмон аз ҳукумати Украина ва мухолифон хостаанд, ки аз хушунат худдорӣ кунанд ва ба созишномае, ки рӯзи ҷумъа дар бораи қатъи бӯҳрони сиёсӣ ба даст омада буд, эҳтиром гузоранд.
XS
SM
MD
LG