Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев ором аст, ҷои иқомати Янукович маълум нест


Рӯзи якшанбе баъд аз як рӯзи райи порламон дар бораи барканории Виктор Янукович аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ ва раҳоии Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин ва рақиби сиёсии Янукович аз зиндон маркази шаҳри Киев ором аст.

Бо вуҷуди ин ки порламони Украина дар бораи барканории Виктор Янукович аз мақмои раёсати ҷумҳурӣ рай дод, хонум Тимошенко аз эътирозгарони зиддидавлатӣ хост, ки эътирозҳои худро қатъ накунанд.

Тимошенко аз Янукович ва ҳампаймонҳои вай тақозо кард, ки барои куштори даҳҳо нафар эътирозгарон тавассути нируҳои амниятӣ дар давоми як ҳафтаи гузашта ҷавоб диҳанд.

Янукович рӯзи шанбе шаҳри Киевро тарк кард ва то ҳол маҳали буду боши вай маълум нест. Бино ба гузориши матбуоти Украина, марзбонон иҷоза надодаанд, ки ҳавопаймои Янукович аз фурудгоҳи Донетск парвози ғайри барномарезишуда анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG