Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон созишро қабул надоранд, Янукович Киевро тарк кард


Виктор Янукович
Виктор Янукович
Вашингтон мегӯяд, Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина Киевро тарк кардааст ва барои «мулоқоте» ба шаҳри Харков рафтааст. Бино ба хабари матбуоти Украина, Янукович ба нақша гирифтааст, ки рӯзи шанбе дар мулоқоти Ҷабҳаи Сартосарии Иттиҳоди Иҷтимоии Украина ширкат кунад. Ин ҷабҳа яке аз бахшҳои Ҳизби Минтақаҳои Виктор Янукович мебошад.

Дар Киев эътирозгарони зиддиҳукуматӣ нақшаҳоро барои созиши сисёсӣ рад карданд ва таҳдид намуданд, ки агар Виктор Янукович рӯзи шанбе истеъфо надиҳад, ба қасри раёсати ҷумҳурӣ ҳамла мебаранд.

Янукович ва мухолифон рӯзи ҷумъа созишномае ба имзо расонданд ва даъват карданд, ки то моҳи декабр интихобот баргузор шавад. Порламон қонунеро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин ва зиндонии Украина метавонад пеш аз мӯҳлат аз зиндон раҳо шавад. Порламон ҳамчунин бо райи худ Қонуни Асосии соли 2004-ро барқарор кард. Порламон афви зиндониёнро пазируфт, вазири корҳои дохилиро барканор кард.

Рӯзи ҷумъа Владимир Путин ва Барак Обама-раисони ҷамоҳири Русия ва Амрико телефонӣ ба тавофуқ расиданд, ки тадбирҳо ҳарчӣ зудтар иҷро шавад.
XS
SM
MD
LG