Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлия Тимошенко ба зудӣ маҳбасро тарк мекунад


Вакилони Верховная Радаи Украина рӯзи ҷумъа тарҳи қонунеро пазируфтанд, ки бар пояи он нахуствазири собиқ Юлия Тимошенко метавонад қабл аз вақт маҳбасро тарк намояд. Онҳо аз тарҳи банде дар қонун пуштибонӣ карданд, ки дар он барои берун аз ваколат пой ниҳодан ҷиноят маҳсуб намешавад. Юлия Тимошенко моҳи октябри соли 2011 маҳз бо иттиҳоми берун аз ваколатҳо пой гузоштан зимни имзо қарордоди хариду фурӯши газ бо Русия барои ҳафт сол маҳкум ба зиндон шуда буд.

Аз ин пеш парлумони Украина қонун дар бораи манъи таъқиби афроди барои ширкат дар намоишҳои оммавии эътирозӣ боздоштшударо қабул кард. Бар пояи қонун, фақат онҳое аз ҷавобгарӣ озод мешаванд, ки аллакай боздошт шудаанд, на афроде, ки алайҳашон парвандаи нав боз мешавад. Рӯзи ҷумъа Рада барои бозгардони Қонуни асосии соли 2004 раъй дод. Раҳбари ҷиноҳи “Баткившина” Арсений Ятсенюк изҳор намуд, ки бар пояи қонуни нав парлумон бо ваколатҳои феълӣ то моҳи октябри соли 2017 фаъолият хоҳад кард.

Рӯзи ҷумъа раисҷумҳури Украина Виктор Янукович ва раҳбарони аҳзоби мухолиф рӯзи ҷумъа, 21 феврал, созиш дар бораи бурунрафт аз бӯҳрон дар кишварро имзо карданд. Бар пояи ин созиш қарор аст, ки дар Украина интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурӣ баргузор ва ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис шавад. Ҷонибҳо зери созиш дар ҳузури вазирони умури хориҷии Лаҳистон ва Олмон имзо гузаштанд.

Рӯзи интихоботи зудҳангоми президентӣ ҳанӯз муқаррар нашудааст. Қаблан манбаъҳои наздик ба ҳукумат гуфта буданд, ки интихобот моҳи декабри соли равон доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG