Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Верховная Рада барои эҳёи Сарқонуни соли 2004 раъй дод


Парлумони Украина қонун дар бораи манъи таъқиби афроди барои ширкат дар намоишҳои оммавии эътирозӣ боздоштшударо қабул кард. Бар пояи қонун, фақат онҳое аз ҷавобгарӣ озод мешаванд, ки аллакай боздошт шудаанд, на афроде, ки алайҳашон парвандаи нав боз мешавад.

Рӯзи ҷумъа Рада барои бозгардони Қонуни асосии соли 2004 ҳам раъй дод. Раҳбари ҷиноҳи “Баткившина” Арсений Ятсенюк изҳор намуд, ки бар пояи қонуни нав парлумон бо ваколатҳои феълӣ то моҳи октябри соли 2017 фаъолият хоҳад кард.

Аз ин пеш раисҷумҳури Украина Виктор Янукович ва раҳбарони аҳзоби мухолиф рӯзи ҷумъа, 21 феврал, созиш дар бораи бурунрафт аз бӯҳрон дар кишварро имзо карданд. Бар пояи ин созиш қарор аст, ки дар Украина интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурӣ баргузор ва ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис шавад. Ҷонибҳо зери созиш дар ҳузури вазирони умури хориҷии Лаҳистон ва Олмон имзо гузаштанд.

Рӯзи интихоботи зудҳангоми президентӣ ҳанӯз муқаррар нашудааст. Қаблан манбаъҳои наздик ба ҳукумат гуфта буданд, ки интихобот моҳи декабри соли равон доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG