Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина созиши бурунрафт аз бӯҳрон имзо шуд


Раисҷумҳури Украина Виктор Янукович ва раҳбарони аҳзоби мухолиф рӯзи ҷумъа, 21 феврал, созиш дар бораи бурунрафт аз бӯҳрон дар кишварро имзо карданд.

Бар пояи ин санад, қарор аст, ки дар Украина интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурӣ баргузор ва Қонуни асосии соли 2004 барқарор шавад. Ҳамчунин дар кишвар ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис хоҳад шуд.

Ҷонибҳо зери созиш дар ҳузури вазирони умури хориҷии Лаҳистон ва Олмон имзо гузаштанд.

Рӯзи интихоботи зудҳангоми президентӣ ҳанӯз муқаррар нашудааст. Қаблан манбаъҳои наздик ба ҳукумат гуфта буданд, ки интихобот моҳи декабри соли равон доир хоҳад шуд.

Вазорати ҳифзи сиҳати Украина ҳалокати 77 нафар ба асари хушунатҳо дар Киев сар аз рӯзи 18 февралро тайид кард. Дафтари матбуоти вазорат рӯзи ҷумъа, 21 феврал, хабар дод, ки то субҳ 577 нафар аз осебдидидагон ба табибон муроҷиат карданд, 369 тани онҳо ба бемористон интиқол ёфтанд.Аммо мухолифини ҳукумат мегӯянд, ки теъдоди қурбониён хело бештар аз арқоми расмист. Ба иттилои ҳамоҳангсозии хадамоти тиббии Майдони Истиқлол Олег Мусий, фақат рӯзи панҷшанбе дар Киев аз 70 то 100 нафар кушта шуданд. Бештари осебдидагон аз муроҷиат ба бемористон худдорӣ мекунанд, зеро ҳарос доранд, ки бо иттиҳоми даст доштан дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ боздошт мешаванд. Вазорати умури дохилии Украина хабар дод, ки дар нооромиҳои Киев 13 кормандашонро талаф додааст.

Задухӯрдҳои шадид дар Киев рӯзи 18 феврал баъд аз он шурӯъ шуданд, ки ҷонибдорони ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо аз Майдони Истиқлол сӯи бинои парлумон раҳпаймоии мавсум ба “ҳамлаи осоишта” доир карданд.
XS
SM
MD
LG