Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабҳо ба як қароргоҳи полиси афғон


Чанд маргталаб рӯзи панҷшанбе ба як қароргоҳи полис воқеъ дар як мавзеи кӯҳии канори шаҳри Кобул ҳамла кард. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ рӯзи ҷумъа, 21 феврал, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки як маргталаб мошини худро дар канори дарвозаи ситоди минтақаии полис дар Суробӣ, воқеъ дар 45-километрии шарқи пойтахти Афғонистон, мунфаҷир кард. Ба думболи ин ду нафари дигар, ки либоси занона ба бар карда буданд, сӯи қароргоҳ оташ кушоданд.

Қадам Шоҳ Шоим, фармондеҳи як ниҳоди низомии Кобул, мегӯяд, ки дар ин ҳодиса дасти кам як корманди полис ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Бар асари оташи ҷавобӣ ҳамлагарон кушта шуданд.

Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт.
XS
SM
MD
LG