Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳаводиси Киев 77 нафар ҷон бохтаанд


Вазорати ҳифзи сиҳати Украина ҳалокати 77 нафар ба асари хушунатҳо дар Киев сар аз рӯзи 18 февралро тайид кард. Дафтари матбуоти вазорат рӯзи ҷумъа, 21 феврал, хабар дод, ки то субҳ 577 нафар аз осебдидидагон ба табибон муроҷиат карданд, 369 тани онҳо ба бемористон интиқол ёфтанд.

Аммо мухолифини ҳукумат мегӯянд, ки теъдоди қурбониён хело бештар аз арқоми расмист. Ба иттилои ҳамоҳангсозии хадамоти тиббии Майдони Истиқлол Олег Мусий, фақат рӯзи панҷшанбе дар Киев аз 70 то 100 нафар кушта шуданд. Миёни онҳо хабарнигори нашрияи "Спортаналитика" Игор Костенко низ ҳаст. Бештари осебдидагон аз муроҷиат ба бемористон худдорӣ мекунанд, зеро ҳарос доранд, ки бо иттиҳоми даст доштан дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ боздошт мешаванд.

Вазорати умури дохилии Украина хабар дод, ки дар нооромиҳои Киев 13 кормандашро талаф додааст.

Қарор аст, ки рӯзи ҷумъа музокироти нави раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович бо раҳбарони мухолифин аз сар гирифта шавад. Шаби панҷшанбе ба ҷумъа ҳамин гуна гуфтушунид бо миёнҷигарии вазирони умури хориҷии Олмону Лаҳистон ва омбудсмени Русия баргузор шуд ва аммо дар бори натоиҷаш чизе гуфта нашудааст. Фақат як манбаъ дар ҳайати Иттиҳодияи Аврупо ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки музокирот ба душворӣ пеш меравад.

Задухӯрдҳои шадид дар Киев рӯзи 18 феврал баъд аз он шурӯъ шуданд, ки ҷонибдорони ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо аз Майдони Истиқлол сӯи бинои парлумон раҳпаймоии мавсум ба “ҳамлаи осоишта” доир карданд.

Авзоъ дар пойтахти Украина ноором боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG