Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркишҳо дар Бейрут чаҳор нафар ҷон бохтаанд


Бар асари ду таркиш дар шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон, чаҳор нафар кушта ва 70 каси дигар, аз ҷумла, чанд кӯдак маҷрӯҳ шуданд. Маргталабҳо пайиҳам мошин ва мотосикли ҳомили маводи таркандаро инфиҷор карданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, таркишҳо дар канори биноҳо сафорати Кувайт ва Ройзании фарҳангии Эрон дар мавзеъи Байр Ҳасан, ки он ҷо ҷунбиши шиаи “Ҳизбуллоҳ” мастақар аст, рӯй доданд. Ба чанд бино, аз ҷумла, парваришгоҳи куӯдакони ятим, осеб расидааст. Кӯдакони парваришгоҳ бо доду фиғон аз ин бино берун шуданд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Бригадаи Абдулло Аъзам”, ки бо “Ал-Қоида” робитаи наздик дорад, бар ӯҳда гирифтааст.

Дар Лубнон бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурияи ҳамсоя низоъ миёни гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” ва сунниҳо тезутунд шудааст. Мусаллаҳони “Ҳизбуллоҳ” аз тарафи нерӯҳои ҳукумати Башор Асад меҷанганд.
XS
SM
MD
LG