Раҳбарони воломақоми Иттиҳодияи Аврупо хурӯҷи хушунат дар Украинаро маҳкум карда, ҳарду ҷонибро ба хештандорӣ ва талоши эҳёи музокирот даъват намуданд.
Дар изҳороти Кэтрин Эштон, раиси бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо, аз вазъи бавуқӯъпайваста ва хушунати нав миёни эътирозгарон ва кормандони полису хадамоти амниятӣ изҳори нигаронӣ шудааст. Раиси Парлумони Аврупо Мартин Шултс гуфт, ки хабари кушта шудани чанд нафар бар асари бенизомиҳо ӯро дар ҳоли шок қарор додааст. Вазири умури хориҷии Шветсия Карл Билдт дар Твиттер навиштааст, “баъд аз ҳалокати имрӯзаи одамон ҳар фард дар Украина барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомез ва бидуни хушунати бӯҳрон масъул аст”.
Аз ин пеш хабаргузориҳо бо такя ба гуфтаҳои табибон иттилоъ доданд, ки бар асари бархӯрди эътирозгарон бо кормандони милиса дар Киев дасти кам панҷ нафар кушта ва беш аз саду панҷоҳ каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Табиб Олга Богомолетс ба радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи ҳафт тан аз маҷрӯҳон дар Хонаи Афсарон хело сангин аст.
Раҳпаймоӣ сӯи бинои Верховная Рада дар Киев зери унвони “Ҳамлаи осоишта” баъди он ба задухӯрд бо кормандони милиса печид, ки мухолифин муҳосираи кормандони милисаро шикаста, талоши вуруд ба бинои парлумонро карданд. Бар пояи хабарҳо, задухӯрдҳо дар маркази Киев то ҳол идома доранд.
Бар пояи хабарҳои ахиран расида, гурӯҳи вокуниши сареъ “Беркут” ба Майдони Истиқлол наздик шуда, ба ҳамла омодагӣ мегирад. Фаъолони мухолифин барои мудофиа омода мешаванд ва аз сокинон шаҳр даъват кардаанд, ки ба Майдон омада алайҳи ҳамлаи созмондодаи раисиҷумҳури, ба гуфтаи онҳо, мустабид Виктор Янукович, садо баланд кунанд.