Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи ифротӣ масъулияти таркиш дар Синойро ба дӯш гирифт


Як гурӯҳи исломии мустақар дар нимҷазираи Синой шоми душанбе, 17 феврал, масъулияти тарконидани автобус бо сайёҳони хориҷиро бар дӯш гирифт. Бар асари ин ҳамлаи террористӣ дар марзи миёни Миср ва Исроил рӯзи якшанбе се сайёҳ аз Кореяи Ҷанубӣ ва ронандаи мисрӣ ба ҳалокат расиданд. Ин нахустин ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Миср баъд аз барканории раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ аз мақом дар моҳи июли соли гузашта буд.

Дар изҳороти гурӯҳи "Ансор Байт ал-Мақдишас", ки шоми душанбе дар сомонаҳои исломӣ нашр шуд, омадааст, ҳамлаи рӯзи якшанберо як маргталаби онҳо анҷом дод ва як бахш аз “ҷанги иқтисодӣ” алайҳи ҳукумати Қоҳира аст.

Ин гурӯҳи наздик ба “Ал-Қоида” қаблан масъулияти дигар ҳамлаҳо дар нимаҷазираи Синойро ҳам бар дӯш гирифта буд.
XS
SM
MD
LG